Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси раҳоии 88 зиндонии афғон дар Кобул


Зиндони Багром
Зиндони Багром
Раиси кумиссиюни санҷиши Афғонистон мегӯяд, он гуна, ки ба нақша гирифта шудааст, Кобул 88 нафар зиндониёнро раҳо хоҳад кард, бо вуҷуди он ки Амрико баъзе аз ин зиндониёнро хатарнок арзёбӣ мекунад.

Абдулшукур Додрас-раиси ин кумиссиюн ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, шароити мавҷуда бештар аз ин дар зиндон нигоҳ доштани онҳоро замонат намедиҳад. Онҳо дар пойгоҳи низомии Багром нигаҳдорӣ мешаванд.

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ба нируҳои кашф машварат додааст, ки дар бораи зиндониёни хатарнок дар ихтиёри кумиссиюни санҷиш маълумоти бештари зарурӣ гузошта шавад. Пеш аз ин Амрико гуфт, далелҳое ҳаст, ки зиндониён дар куштори шаҳрвандони хориҷӣ даст доранд.
XS
SM
MD
LG