Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳавопаймои ширкати Сингапур бо 27 халабону хадама ва 467 мусофир субҳи рӯзи душанбе дар фурудгоҳи Боку ба таври фаврӣ ба замин нишаст. Сабаби ин фуруди ғайрипешбинӣ коҳиши фишори ҳаво дар ҳуҷраи халабонон будааст.

Airbus A380-ҳавопаймои бузург аз Лондон ба Сингапур парвоз мекард. Ширкати ҳавоии Сингапур мегӯяд, ки аз ниқобҳои оксиген истифода кардаанд, вале ҳавопаймо бидуни “пешомад”-е ба замин нишастааст. Мусофирон бо ҳавопаймои дигар парвозро идома доданд.
XS
SM
MD
LG