Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский вориди Шветсария шуд


Михаил Ходорковский
Михаил Ходорковский
Михаил Ходорковский-раиси пешини ширкати нафтии ЮКОС аз Берлин ба Шветсария омад. Вай баъд аз раҳоиаш аз зиндоне дар Русия аз моҳи гузашта то ҳол дар Берлин ба сар мебурд. Сухангӯи Ходорковский изҳор дошт, ки рӯзи якшанбе вай бо хонумаш бо қатор ба шаҳри Базел омадаанд, то ду писарашонро дубора ба мактаб ҳамроҳӣ кунанд.

Базел баъд аз Тсурих ва Женев севвумин шаҳри бузурги Шветсария дар марзи миёни Олмону Фаронса ва Шветсария мебошад.

Ҳангоми сафар ба Базел Ходорковский ба телевизиони Шветсария гуфт, ки вай мехоҳад барои раҳоии зиндониёни сиёсӣ маъракае ташкил кунад. Мақомоти Шветсария ба Ходорковский се моҳ ҳақи иқомат ё раводид додаанд.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия вайро 20 декабр афв кард. Вай барои пардохт накардани молиёт ё андоз 10 сол дар зиндон нишаст.
XS
SM
MD
LG