Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб рӯйхати бозигаронашро барои ширкат дар Ҷоми АФК-2014 ба Конфедератсияи футболи Осиё пешниҳод кард.

Ба ин рӯйхат 24 футболбоз, аз он ҷумла се легионер дохиланд. Инҳо ҳимоятгар Мӯсо Содиқ ва нимҳимоятгар Гершон Акуффо аз Гана, инчунин нимҳимоятгар Сайриддин Ғаффоров аз Узбакистон мебошанд. Бар асоси дастури Ҷоми АФК ҳафт рӯз пеш аз бозии аввал бошгоҳи “Равшан” метавонад боз панҷ футболбозро ба рӯйхати пешниҳод намудааш илова намояд.

Дархости комили «Равшан» барои ширкат дар Ҷоми АФК-2014 чунин аст:
дарвозабонҳо: 1. Рустам Ризоев, 16. Неъматулло Тошев, 30. Баҳодур Шамсов;
ҳимоятгарон: 2. Далерҷон Тухтасунов, 3. Содиқ Мӯсо, 4. Алексей Неъматов, 5. Одил Эргашев, 12. Ҳасан Рустамов, 23. Саидхони Амрохон, 24. Зарифҷон Рустамов, 26. Абубакр Азимов;
нимҳимоятгарон: 6. Гершон Акуффо, 7. Сайриддин Ғаффоров, 8. Абдусамад Ҳоҷибаев, 9. Ҳикматулло Расулов, 14. Бахтиёр Ҳасанов, 15. Фаридун Рустамов, 18. Комрон Саидзода, 22. Зокирҷон Абдулҳаев, 25. Муҳаммадҷони Ҳасан;
ҳамлагарон: 10. Соломон Течи. 11. Давронҷон Тухтасунов, 17. Наврӯз Рустамов, 21. Нӯъмонҷон Ҳакимов.

Раҳбарияти даста: Зайнулло Соҳибов – раиси клуб, Маматқул Худойбердиев – муовини раис, Дилшод Шарифов – менеҷер, Ғайраталӣ Мираҳмадов – сармураббӣ, Маъруф Рустамов – мураббии калон, Зайниддин Раҳимов – мураббӣ.

Ёдовар мешавем, дастаи «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, дар плей-оффи Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) - 2014
рӯзи 2-юми феврал дар майдони худ бо қаҳрамони Яман - «Ал Ярмук» рақобат хоҳад кард.

Маъруф Рустамов, мураббии калони дастаи «Равшан», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “марҳилаи аввали омодагии мо ба бозӣ бо дастаи “Ал Ярмук” аз 5-ум то 10-уми январ дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад. Баъдан ҷамъомади таълимиву тамринии даста аз 11-уми январ то 2-юми феврал ё дар вилояти Суғд ва ё дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд. Вале то ҳоло макони баргузории бозии мо бо “Ал Ярмук” маълум нашудааст. Ин бозӣ ё дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва ё дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода барпо мегардад.”

Ба бозии “Равшан” ва “Ал Ярмук” дар плей-оффи Ҷоми АФК-2014
гурӯҳи доварон аз Малайзия бо раҳбарии ҳаками 27-сола Моҳд Амирул Изван Бин Ёқуб, ки аз соли 2012 довари ФИФА мебошад, хидмат мерасонад. Моҳд Сабрӣ Бин Мат Довуди 44-сола ва Азман Бин Исмоили 39-сола доварони марзи майдон мебошанд. Довари эҳтиётӣ Суҳайзӣ Бин Шукрии 34-сола таъин шудааст. Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон комиссари ин бозӣ ва Масъуд Иноят аз Эрон нозири доваронанд.

Бояд гуфт, ки дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфтани дастаи «Равшан» рақибонаш бошгоҳҳои «Сувайк» ё «Саҳам»-и Умон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон мешаванд. Сабқати гурӯҳии Ҷоми АFC-2014 рӯзи 25-уми феврал шурӯъ мешавад ва то ин давра марҳилаи интихобӣ барпо мегардад.

Ба ҷуз бозии «Равшан» - «Ал Ярмук» рӯзи 2-юми феврал дар бозии дигари интихобӣ “Ал Дҳария»-и Фаластин дар майдони худ бо қаҳрамони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш вориди рақобат мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG