Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 нафар дар бенизомиҳои Бангладеш


Дар Бангладеш, ки рӯзи якшанбе, 5 январ, интихоботи сартосарӣ мегузарад, ҳазорон эътирозгарон ба қитъаҳои интихоботӣ шишаҳо бо маводи сӯхт андохтанд ва варақаҳои раъйдиҳиро рабуданд. Ба иттилои полис, дар бархӯрдҳо дасти кам 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҷонибдорони аҳзоби мухолифи ҳукумат беш аз 200 қитъаи интихоботиро ба оташ кашиданд ё тахриб карданд.

Ҳизби миллии Бангладеш, нерӯи асосии мухолифи ҳукумат, дара арафаи интихобот коршикании умумии дурӯза эълон кард. Раҳбарони ҳизб аз нахуствазир Шайх Ҳасина Вазид талаб карданд, ки ба хотири шаффофу одилона баргузор шудани интихоботи парлумонӣ қабл аз ин маъракаи сиёсӣ ба истеъфо равад ва раҳбарии ҳукуматро бар дӯши кобинаи технократҳои бетараф вогузор кунад. Аммо хонум Вазид ин талабро рад кард. “Лигаи Авамӣ”, ҳизби таҳти раҳбарии ӯ, ба пирӯзии номзадҳояш дар интихоботи парлумонӣ мутмаин аст.

Дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар Бангладеш намоишҳои зидиҳукуматӣ доир шуданд, ки ба бенизомиҳо печиданд. Дар бархӯрдҳои мухолифин ва кормандони полис тақрибан 150 кас ҷон бохтанд.

Рӯзи якшанбе дар сартосари Бангладеш чораҳои амниятӣ тақвият ёфтанд, барои ҳифзи тартибот 50 ҳазор низомиён сафарбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG