Пайвандҳои дастрасӣ

Дар фурудгоҳи шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ҳавопаймои “Боинг-767”-и ширкати ҳавопаймоии маҳаллӣ ба таври изтирорӣ пойин шуд, ки дар натиҷа 29 тан аз мусофирон осеб диданд. 12 нафар ба бемористон интиқол ёфтанд, ба дигарон дар фурудгоҳ ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуд. Дар ҳавопаймо, ки аз шаҳри Машҳади Эрон парвоз карда буд, 315 мусофир ва халабонҳо нишаста буданд.

Сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешаванд. Бар пояи иттилои пешакӣ, сабаби аслӣ дар берун наомадани чархҳои ҳавопаймост.
XS
SM
MD
LG