Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бангладеш интихоботи парлумонӣ мегузарад, ки аз сӯи мухолифин таҳрим шудааст.

Ҳизби миллии Бангладеш, нерӯи асосии мухолифи ҳукумат, коршикании умумии дурӯза алайҳи раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумониро идома медиҳад. Раҳбарони ҳизб аз нахуствазир Шайх Ҳасина Вазид талаб карданд, ки дар давраи интихобот ба истеъфо равад ва раҳбарии ҳукумат муваққатан бар дӯши кобинаи технократҳои бетараф вогузор шавад. Аммо хонум Вазид ин талабро рад кард. “Лигаи Авамӣ”, ҳизби таҳти раҳбарии ӯ, ба пирӯзии номзадҳояш дар интихоботи парлумонӣ мутмаин аст.

Дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар Бангладеш намоишҳои зидиҳукуматӣ доир шуданд, ки ба бенизомиҳо печиданд. Дар бархӯрдҳои мухолифин ва кормандони полис даҳҳо нафар ҷон бохтанд. Дар арафаи раъйдиҳӣ дар 20 минтақаи кишвар, аз ҷумла, дар пойтахт – шаҳри Дакка, тақрибан сад қитъаи интихоботӣ ба оташ кашида шуд.

Дар сартосари Бангладеш чораҳои амниятӣ тақвият ёфтанд, барои ҳифзи тартибот 50 ҳазор низомиён сафарбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG