Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи ёрии Амрико дар ҷанг бо Ал-Қоида


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА гуфт, Вошингтон омода аст, ки ба ироқиҳо дар мубориза бо шабакаи “Ал-Қоида” ҳама кӯмакҳои заруриро ироа кунад. Ҳамзамон ӯ изҳор намуд, ки Амрико дубора сарбозҳои худро ба Ироқ фиристоданӣ нест, зеро, ба гуфтаи Керрӣ, “ин набарди худи ироқиҳост”.

Изҳороти Ҷон Керрӣ баъд аз ваъдаи нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ барои аз байн бурдани ҳама гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ дар вилояти Анбор садо дод. Ошӯбгарони суннимазҳаби норозӣ аз ҳукумати ал-Моликӣ бахши аъзами шаҳрҳои Фалуҷа ва Ромадиро таҳти назорат гирифта, ба нерӯҳои амниятӣ муқовимати шадид нишон медиҳанд.

Задухӯрдҳо дар вилояти Анбор рӯзи 30 декабр, баъди аз сӯи полис пароканда кардани мӯътаризони суннимазҳаб шурӯъ шуданд. Сунниҳо ба он эътироз доранд, ки ба ҳукумати Нури ал-Моликӣ фақат шиаҳо шомил шудаанд. Дар амалиёти тахриби шаҳраки хаймаҳои мӯътаризон аз сӯи нерӯҳои амниятии Ироқ тақрибан 15 нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG