Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати ҳифзи сиҳати Миср хабар дод, ки бар асари аз сӯи нерӯҳои амниятӣ саркӯб шудани эътирози ҷонибдорони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” дасти кам 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар бораи кушта шудани мӯътаризон аз Қоҳира, Искандария, Исмоилия, Фаёум ва дигар шаҳрҳо хабар расид. Беш аз 50 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки 122 тан аз ҷонибдорони “Ихвон-ул-муслимин” боздошт шудаанд.

Эътирозҳо рӯзи ҷумъа дар ҳоле шурӯъ шуданд, ки ҳукумат баргузории ҳама гуна гирдиҳамоиву раҳпаймоиҳоро манъ кардааст. Эътирозҳои ҷонибдорони "Ихвон ул-муслимин" баъд аз барканории раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ дар моҳи июли соли гузашта оғоз ёфта, баъди мамнӯъ эълон шудани ҷунбиш аз сӯи ҳукумат аз сар гирифта шуданд.
XS
SM
MD
LG