Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин ба намоишҳои эътирозӣ дар Сочӣ иҷоза дод


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба фармонаш дар бораи тақвияти чораҳои амниятӣ ҳангоми баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ тағйирот ворид кард. Бар пояи тағйирот, дар шаҳри Сочӣ ва атрофи он баргузор кардани гирдиҳамоиову раҳпаймоиҳо фақат бо иҷозаи вазорати умури дохилӣ ва Хадамоти федеролии амнияти Русия мумкин аст. Макон, хатти ҳаракат ва теъдоди ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ бояд аз сӯи шаҳрдории Сочӣ муқаррар карда шавад.

Дар фармони қаблӣ, ки моҳи августи соли гузашта имзо шуда буд, аз 7 январ то 21 марти соли 2014 баргузории ҳама гуна чорабиниҳои берун аз чаҳорчӯби Бозиҳои олимпӣ манъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG