Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати беш аз сад кас дар задухӯрдҳои Фалуҷа ва Ромадӣ


Дар вилояти Анбори Ироқ бар асари бархӯрди кормандони полис бо мӯътаризони суннимазҳаб беш аз сад нафар ба ҳалокат расиданд. Даргириҳо асосан дар шаҳрҳои Фалуҷа ва Ромадӣ сурат гирифтанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, миёни қушташудагон беш аз 30 сокини осоишта ва тақрибан 70 кас – аъзои гурӯҳи мусаллаҳи “Давлати исломии Ироқ” мебошанд. Дар бораи талафот миёни кормандони полис иттилоъ мавҷуд нест.

Рӯзи панҷшанбе ошӯбгарони суннимазҳаб бахши аъзами шаҳрҳои Фалуҷа ва Ромадиро таҳти назорат гирифтанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, артиш, ки мехост ошӯбгаронро аз ин шаҳрҳо берун кунанд, ба муқовимати шадид рӯбарӯ шуд.

Задухӯрдҳо рӯзи 30 декабр, баъди аз сӯи полис пароканда кардани мӯътаризони суннимазҳаб шурӯъ шуданд. Сунниҳо алайҳи нахуствазир Нури ал-Моликӣ ва пурра аз шиаҳо ташкил шудани ҳукумати ӯ эътироз мекарданд. Дар амалиёти тахриби шаҳраки хаймаҳои мӯътаризон тақрибан 15 нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG