Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибҳои даргир дар Судони Ҷанубӣ музокирот мекунад


Дар Аддис-Абеба, пойтахти Ҳабашистон, имрӯз музокироти расмии ҳайатҳои нерӯҳои даргир дар Судони Ҷанубӣ шурӯъ мешавад, ки ҳадафаш – поён бахшидан ба низои мусаллаҳона дар ҷавонтарин кишвари олам аст. Вазири умури хориҷии Ҳабашистон Тедрос Адханом машваратҳои пешакии ҳайатҳоро “пурмаҳсул” арзёбӣ намуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи ҷумъа дар канори шаҳри Бор, ки таҳти назорати ошӯбгарон қарор дорад, даргириҳои шадид сурат гирифтанд. Нерӯҳои ҳукуматии Судони Ҷанубӣ барои дубора ба даст овардани шаҳрҳои Бор ва Бентиу талош дорад, аммо ошӯбгарон мегӯянд, ки ба зудӣ сӯи пойтахт – шаҳри Ҷубу ҳаракат хоҳанд кард.

Беш аз 440 амрикоии муқими Судони Ҷанубӣ ахиран тавассути ҳавопаймоҳои мулкӣ ва ҷангӣ кишварро тарк намуданд. Рӯзи ҷумъа ба хотири аз Судони Ҷанубӣ берун кашидани 20 тан аз кормандони сафорати Амрико ҳавопаймои боркаши низомӣ КС-130-ро ба Ҷуба парвоз кард. Ҳамзамон сафири ИМА дар кишвар Сюзан Пейҷ изҳор намуд, ки сафорат фаъолияташро қатъ намекунад ва фақат теъдоди кормандонашро коҳиш медиҳад.

Даргириҳо дар Судони Ҷанубӣ миёнаҳои моҳи декабр шурӯъ шуданд. Раисиҷумҳур Салва Киир муовини собиқаш Риека Машара ва ҷонибдорони ӯро дар талоши табаддулоти давлатӣ ва ташкили ошӯб муттаҳам намуд. Ба иттилои СММ, аз оғози низоъ дар Судони Ҷанубӣ дасти кам ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан 200 ҳазор нафар манзилҳои худро тарк намуданд.

Судони Ҷанубӣ баъд аз раъйпурсӣ дар соли 2011 аз Судони асосан арабнишин ҷудо шуд.
XS
SM
MD
LG