Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Нангарҳор як низомии НАТО кушта шуд


Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба пойгоҳи низомӣ дар шарқи Афғонистон як низомии НАТО ба ҳалокат расид. Аҳмадзиё Абдулзай, намояндаи волии Нангарҳор, гуфт, ҳангоми ҳамлаи гурӯҳи толибон ба пойгоҳи муштараки нерӯҳои байнулмилалӣ ва афғон дар канори даромадгоҳ мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор шуд. Дар задухӯрд як сарбози НАТО ва ҳамаи панҷ тан аз ҳамлагарон кушта шуданд.

Сухангӯи ҷунбиши “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид изҳор намуд, ки ҳамла аз сӯи мусаллаҳони онҳо сурат гирифтааст.

Қарор аст, ки то поёни соли равон тақрибан 85 ҳазор низомиёни хориҷӣ Афғонистонро тарк намоянд. Аммо баъд аз анҷоми рисолати НАТО, бар пояи созишномаи амниятӣ миёни ИМА ва Афғонистон, тақрибан 15 ҳазор низомии амрикоӣ барои идомаи тамрини нерӯҳои амниятӣ ва сарбозони афғон дар кишвар боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG