Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Спитамен Капитал” - бонки нав дар Тоҷикистон


Имрӯз бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бонки нав, бо номи “Спитамен Капитал” ба фаъолият шуруъ кард. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки милии Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар рӯзи 3-юми январи ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз 3-юми январ бо қарори Бонки миллӣ ташкилоти амонатии қарзии хурд “Спитамен Капитал» иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷиро дарёфт кард ва минбаъд ҳамчун бонк фаъолияти хоҳад кард. Ҷаноби Қурбонов афзуд, ки «Спитамен Капитал» аслан дар вилояти Суғд фаъолият мекунад ва тайи чанд соле, ки ҳамчун ташкилоти хурди қарзӣ фаъолият дошт рушд кард ва ба сатҳи як бонки мустақил расид. Ҳаминтавр дар низоми бонкии Тоҷикистон боз як бонки нав ба фаъолият шуруъ кард ва шумораи бонкҳои кишвар ба 17 адад баробар шуд.
XS
SM
MD
LG