Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2013 теъдоди занҳои майзада дар кишвар бештар шудааст.

Истеъмоли шароб ва шумораи бадмастон дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад, аммо, ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, теъдоди заноне, ки дар ғояти мастӣ ба ҳушёрхона оварда мешаванд, рӯ ба афзоиш дорад. Бино бар омор, танҳо ба ҳушёрхонаи шаҳри Душанбе дар соли 2013 зиёда аз 2730 нафар оварда шуда, 126 нафари онҳо зан будаанд. Шумораи заноне, ки дар ҳолати мастӣ ба ҳушёрхонаи Душанбе оварда шудаанд, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар бештар будааст.

Сардори ҳушёрхонаи шаҳри Душанбе Акбар Аҳмадов, рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, тазод дар ин аст, ки шумораи мардҳои бадмаст камтар шуда, дар иваз шумораи занони шаробхор зиёд мегардад. Дар бораи сабаби ба ин ҳол гирифтор шудани занону мардон ҷаноби Аҳмадов мегӯяд: «Сабаби асосии ба арақнӯшӣ даст задани шаҳрвандон ҷой кори аниқ надоштанашон аст. Азбаски онҳо кори доимӣ надоранд, аз бекорӣ ба ин роҳ мераванд. Дар миёни занҳо бошад, бештар онҳое ба майнӯшӣ даст мезанад, ки хона надоранд. Аз навоҳии атроф омада, дар шаҳр ба корҳои бад даст мезанад. Бештарашон духтарони сабукпо мебошанд.»

Ҷаноби Аҳмадов ҳамчунин гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз майзадагӣ талош доранд, миёни аҳолӣ кори таблиғотӣ ва табриявиро афзоиш диҳанд. Зеро ба қавли ӯ, бештари майзадаҳо аз 25 то 45 солаанд.

Ҳасан, як майхора, ки дар ҳолати мастӣ дар ҳушёрхонаи тиббии Душанбе нигаҳдорӣ мешуд, гуфт, бори аввал аст ба ин марказ оварда шуда, на ҳамеша бадмастӣ мекардаст. Ҳасан соҳиби шаш фарзанд буда, ҷойе кор намекунад: «Маъюб ҳастам. Ҷой кор надорам. Баъзан сарам гаранг шуда, мисли девона мешавам. Бинобар ин арақ менӯшам.»




Ба қавли Ҳасан, агарчи 250 сомонӣ нафақапулияш ба озуқаи кӯдаконаш кифоят намекунад, аммо барои «таскини дилаш» дар як моҳ як ё ду маротиба ба маблағи як сомонӣ арақ харида менӯшад. Тавре гуфта мешавад дар шаби 3-юми январ мақомоти ҳифзи тартибот ба ҳушёрхонаи Душанбе 5 майзадаро оварданд, ки он дар қиёс ба соли гузашта ба маротиб кам аст. Ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон сабаби ба маротиб коҳиш ёфтани майнӯширо миёни аҳолӣ дар зиёд кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ унвон мекунад.

Аммо ҷомеашиносон бошад бар он боваранд, ки сабаби асоси рӯ овардани мардум ба арзишҳои исломист, на таблиғҳои мақомот.

Аъзамшоҳи Ширговадӣ

Аъзамшоҳи Ширговадӣ

Аъзамшоҳ Ширговадӣ, коршиноси тоҷик барин бовар аст, ки сабаби коҳиши арақнӯшӣ махсусан миёни ҷавонон бозгашти онҳо ба таълимоти дини ислом аст: «Асоси ҳамаи инро бозгашт ба арзишҳои динии худ мебинам. Аз насиҳату гуфтаҳои донишмандони дин, ки тавонист таъсири худро расонад. Ҳамчунин дар баробари ин шояд қарору қонунҳо дар робита ба манъи носу сигор ва нӯшидани арақ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ таъсиргузор бошад.»

Аммо ин ҳама дар ҳолест, ки тоҷирони машрубот мегӯянд, фурӯши моли онҳо коҳиш наёфтааст. Комили Аъзам, як ҷавони тоҷик, ки се сол боз машрубот мефурӯшад, гуфт, тағйирерро дар вазъ мушоҳида накардааст: «Мардуми худамон бештар арақҳои Тоҷикистонро харидорӣ мекунанд. Зеро арзон аст. Он машруботе, ки аз хориҷи кишвар оварда мешаванд, арзиши гарон дошта, на ҳама имкони дастрасӣ доранд.»

Комили Аъзам сабаби коҳиш ёфтани майхораҳои расмиро дар он мебинад, ки мардум талош мекунанд ба дасти ҳомиёни тартибот наафтанд. Зеро мувофиқи қонунгузорӣ ҷарима мешаванд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, давоми соли 2013 аз ҳисоби ҷаримаи афроди майзада ба будҷаи кишвар 22 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG