Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар роҳҳои Тоҷикистон 86 кӯдаку наврас ҷон додаанд


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2013 дар садамаҳои нақлиётӣ 86 кӯдаку наврас кушта шуда ва 359 нафари дигари онҳо ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати умури дохилӣ бо нашри иттилоияе дар торнамои худ гуфтааст, ки тайи як соли гузашта дар саросари кишвар 454 садамаи нақлиётӣ бо ширкати наврасони то синни 16 сола ба вуқӯъ пайвастааст ва аксарияти онҳое, ки ҷабр дидаанд, яъне 320 нафар пиёдагардон ҳастанд. Ба гуфтаи вазорат, раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ барои ҷилавгирӣ аз чунин садамаҳои нақлиётӣ соли гузашта, чорабиниҳои зиёдеро баргузор кард ва имсол ҳам барои ҷилавгирӣ аз чунин садамаҳо саъйу кӯшишро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG