Пайвандҳои дастрасӣ

Манмоҳан Сингҳ мегӯяд, истеъфо хоҳад дод


Манмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳинд, мегӯяд, баъди интихоботи ояндаи порлумонӣ, ки тобистони имсол баргузор мешавад, аз мақомаш истеъфо медиҳад. Сиёсатмадори 81-сола рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарие дар шаҳри Деҳлӣ гуфт, ҳатто агар ҳизбаш дар интихобот бори саввум ҳам пирӯз шавад, ӯ аз мақомаш меравад ва “чӯбдастро ба нахуствазири нав медиҳад.” Ҳизби Конгресси Миллии Ҳинд, даври дуввум аст, ки дар ин кишвар ҳукумат мекунад, вале чанде пеш ҳизби мухолифи давлат, Ҳизби Миллии Ҳинд дар интихоботи маҷлисҳои аёлатӣ пирӯз омад. Манмоҳан Сингҳ афзуд, ки беҳтарин номзад ба мақоми нахуствазирӣ, Раҳул Ганди, аз хонаводаи маъруфи Ҷавоҳирлаъл Неҳру Ганди аст. Маҳмоҳан Сингҳ, дар ду давраи ҳукуматаш ба шарофати рушди иқтисодӣ обрӯи зиёде ба даст овард, аммо солҳои ахир парвандаҳои фасодкорӣ дар ҳукумат ва кунд шудани рушди иқтисодӣ дар Ҳинд маҳбубияти ӯро камтар кардааст.
XS
SM
MD
LG