Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи пардохти маош ба имомхатибонро баррасӣ мекунад, ки аз сӯи Вазорати молия ва Кумитаи дин таҳия шудааст.

Аз баррасии Вазорати молияи Тоҷикистон гузаштани лоиҳаи пардохти маоши имомхатибони масҷидҳои кишвар ба ин маънист, ки масъалаи мазкур ҳалли худро ёфтааст. Ҷумъахон Ғиёсов, мувоини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 3-юми январ дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт: «Ҳамин, ки ин лоиҳа аз сӯи ҳукумат тасдиқ шуд, ба имомхатибон маош пардохта хоҳад шуд. Ҳоло тибқи ин лоиҳа, барои пардохти маоши имомхатибон барои соли 2014 ҷудо кардани панҷ миллион сомонӣ аз будҷаи кишвар пешбинӣ шудааст».

Аммо ҷаноби Ғиёсов афзуд, ҳаҷми маоши имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва масҷидҳои ҷомеъ ҳоло муайян нашудааст. Гуфта мешавад, аз ҳисоби ин панҷ миллион сомоние, ки барои пардохти маоши имомхатибон пешбинӣ шудааст, ҳудуди 450 имомхатибони масҷидҳои расман сабтиномшуда маош хоҳанд гирифт.

Масъалаи пардохти маош ба имомхатибон ҳанӯз 4-уми июли соли 2013 дар мулоқоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён матраҳ шуда буд. Ширкаткунандагони он зимни ҳимоят аз сиёсатҳои раҳбари давлат аз вазъи молии хеш шикоят карданд ва расиҷумҳур эълон кард, ки барои эшон сар аз 1 январи соли 2014 маош таъин мекунад. Ин иқдоми раисҷумҳур баҳсҳои зиёдеро ба миён овард, чунки Тоҷикистон давлати дунявист ва бар пояи Сарқонунаш, дин аз давлат ҷудост.

Саодат Олимова номзади илмҳои фалсафа ва ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, таъин кардани маош ба имомхатибон ба қонунҳои Тоҷикистон ва хусусан бандҳои Конститутсия мухолифат дорад: «Аммо ин бори аввал нест, ки дар қарорҳое содир мешаванд, ки бо дигар қонунҳо ва аз ҷумла Сарқонун мухолифат дорад. Аллакай ҳама ба ин чиз одат кардаанд, ки дар мо чизҳои комилан мухолифи қонунро анҷом додан мумкин аст. Аммо маош додан ба имомхатибон ин як кӯшиши давлатӣ кардани ислом аст. Системаи давлатдории мо тавре пеш рафта истодааст, ки мехоҳад бо истифода аз ислом ҳукмронии элитаи сиёсии моро қонунӣ вонамуд кунад. Ин кор ояндаи хуб надорад ва бар зарари ҷомеаи мо аст».

Хонум Олимова афзуд, кишварҳое мисли Туркия, ки кӯшиши давлатӣ кардани динро карданд, ба ягон натиҷаи мусбат нарасиданд ва он мушкилоте, ки ҳоло ҳукумати Эрдуғон рӯ ба рӯст, қисман ба чунин талошҳо бастагӣ дорад. Аммо масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон ва вакилони парлумон ин иддаоҳоро бепоя мехонанд ва мегӯянд, таъини маош ба имомхатибон ба қонунҳои Тоҷикистон мухолифат надорад.

Маҳмадалӣ Ватанов, раҳбари Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МН дар сӯҳбат ба «Озодӣ» дар ин маврид гутф: «Мо дар ҷомеаи зиндагӣ дорем, ки аксари кулли мардуми кишвар мусулмонанд. Тарбияи маънавии онҳо яке аз вазифаҳои давлат аст. Бинобар ин, таъин кардани маош ба қонунҳои кишвар мухолифат надорад. Давлат метавонад дар сурати доштани имконият ба онҳо маош диҳад, чунки онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистонанд».

Зимнан рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, имомхатиб метавонад аз давлат маош гирад ва ин ба қавонини шариати ислом мухолифат надорад, ба шарте, ки бо гирифтани маош имом хилофи фармудаҳои Худо амал накунанд. Зубайдуллоҳи Розиқ рӯҳонии тоҷик мегуяд, аз буҷа маош гирифтани имомхатиб мухолифи шариат нест, вале бо гирифтани маош имом набояд дастуру супоришҳои ғайришаръии мансабдоронро иҷро кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG