Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Падари гиторнавози «Парем» аз "Бабилон" 228 000 сомонӣ талаб дорад


Падари гиторнавози гурӯҳи эстрадии "Парем" мегӯяд, сарпечии ширкати «Бабилон» аз имдод сабаби марги писараш шуд. Аммо "Бабилон" ин иттиҳомро рад мекунад.

Муродқул Ҳазратқулов, падари гиторнавози гурӯҳи мусиқии "Парем" Ҳакимҷон Ҳазратқулов, ки соли гузашта дар бемористони Қараболо даргузашт, рӯзи 3-юми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки алайҳи ширкати "Бабилон" шикоят бурда ва аз додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дархост кардааст, ки ҳамчун зарари маънавӣ, 228 ҳазор сомонӣ аз ин ширкат рӯёнад.

Ба гуфтаи Муродқул Ҳазратқулов, писараш Ҳакимҷон қабл аз маргаш дар ширкати "Бабилон" фаъолият мекард ва дар рӯзҳои бистарӣ буданаш борҳо аз ин ширкат хоҳиши кӯмак карда буд, вале ҷавоби рад гирифт. Вай мегӯяд, ки агар ин ширкат кӯмаки инсондӯстӣ мекард, шояд фарзандаш дучори марг намешуд. Падари гитарновози пешини гурӯҳи "Парем" афзуд, ки дар остонаи соли нав аввалин мурофиаи додгоҳӣ дар суди ноҳияи Шоҳмансур баргузор шуд ва тарафҳо бо аризаи даъвогӣ ошно шуданд ва ҳоло ба мурофиаи баъдӣ омодагӣ мебинанд.

Аммо як намояндаи "Бабилон", ки овардани номашро зарур нашуморид гуфт, ки дар ҳақиқат Ҳакимҷон Ҳазратқулов -- гиторнавози гурӯҳи "Парем" дар шуъбаи муштариёни ин ширкат фаъолият дошт ва дар рӯзҳои бистарӣ буданаш чанд бор аз ҷониби масъулони ширкат ба вай кӯмак ва барои харидории доруҳо маблағ низ расонида шудааст. Ин манбаъ афзуд, ки феълан ҳуқуқшиносони ширкат ба аризаи шикоятии падари корманди собиқи худ расидагӣ мекунад.

17-уми марти соли 2013 Ҳакимҷон Ҳазратқулови гиторнавоз бо зарби косахонаи сар ба ин Маркази тиббии ҷумҳуриявӣ мавсум ба "Қараболо" оварда шуд. Сари вай ҳангоми бозии футбол зарб хӯрда буд ва баъд аз 43 рӯзи муолиҷа даргузашт. Аммо табибон бо машварати якдигар падари гиторнавозро, ки дар вазъи душвори равонӣ буд, маҷбур кардаанд, ки барои муолиҷа ва дору пул диҳад. Онҳо дар ин 43 рӯз аз падари бемор 10 ҳазору 470 сомонӣ ришва гирифтаанд, бо вуҷуди он, ки дар Қараболо табобат ройгон анҷом мегирад.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар асои шикояти волидони Ҳикимҷон Ҳазратқулов рӯзи 6-уми декабри соли 2013 Илҳом Носиров-пизишки муолиҷи Ҳакимҷон Ҳазратқулов -гиторнавози гурӯҳи “Парем”-ро 16 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Носиров баъд аз даргузашти ҳунарманд акнун се моҳ аст дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад. Вай ҳамчунин ду сол ҳаққи фаъолиятҳои тиббиро нахоҳад дошт.

Шуҳрат Бобоев-пизишки дигари ин марказ 28 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст ва вай ҳам наметавонад ду сол ба муолиҷа машғул шавад. Осиф Сафаров 20 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекунад ва вай ҳам мисли ин ду нафар наметавонад ду сол ба фаъолияти пизишкӣ ҷалб шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG