Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон дар Чита


Дар шаҳри Читаи минтақаи Забайкали Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро шахсони номаълум ваҳшиёна ба қатл расондаанд. Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, рӯзи панҷшанбеи 2-уми январ соати 19 кормандони пулис ҷасади шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд, ки бо истифода аз силоҳ ба қатл расидааст.
Ба гуфтаи ин ниҳоди тафтишотӣ, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон дар кӯчаи Токмакови шаҳри Чита дар дӯконе ба фурӯши мева машғул будааст. Тибқи тафтиши пешакӣ, шахсони номаълум дар назди дӯкон якчанд маротиба ба сар ва бадани шаҳрванди Тоҷикистон аз силоҳ оташ мекушоянд, ки дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Гуфта мешавад барои муайян кардани навъи силоҳ бадани ин шаҳрванди Тоҷикистонро ташхиси тиббии-додгоҳӣ мекунанд. Аммо ному насаби тоҷики кушташуда гуфта нашудааст.
XS
SM
MD
LG