Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озмуни инъикоси масъалаи экологӣ


Кумиссияи экологии порлумони Тоҷикистон озмуни сартосари дар масъалаи муҳити зистро барои беҳтарин мақола эълон кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 2-уми январ ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон қарори баргузории озмуни ҷумҳуриявии маводи иттилоотии беҳтарин дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист барои соли 2014 эълон гардид.
"Дар ин озмун, ки дар асоси тарҳи «Иштироки ҷомеа дар ҳифзи муҳити зист», баргузор карда мешавад, инъикоси воқеии масоили экологӣ дар кишварро дар бар гирифта журналистон, коршиносон, мутахассисонро ҷалб мекунад", меафзояд ҷаноби Султонов.

Ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов то кунун озмуни мазкур дар як сол ду маротиба сурат мегирифт, вале дар соли равон ба хотири боарзиш будани ҷоиза онро як маротиба ҷамъбаст хоҳанд кард, ки натиҷаи ин озмун дар охири соли равон эълон карда хоҳад шуд. Барои ғолиби ҷои аввал 4 ҳазор сомонӣ ва ҷои дуввум 3 ҳазор сомонӣ ва барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ мушаххас карда шудааст.
XS
SM
MD
LG