Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳиндустон автобус ба ҷарӣ сарозер шуд


Дар ғарби Ҳиндустон бар асари садамаи автобус дасти кам 27 нафар ба ҳалокат расида, 17 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Бар пояи хабарҳо, автобус баъд аз бархӯрдан бо автобуси дигар ба ҷарии тақрибан 80 метра сарозер шудаст. Ба гуфтаи кормандони полис, ронанда натавонистааст, ки автобусро идора кунад.

Садамаи автобус каме дуртар аз мавзеи маъруфи сайёҳии канори шаҳри Тхани музофоти Махараштра рӯй дод.

Ба иттилои мақомоти Ҳиндустон, соли гузашта бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар тақрибан 140 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Сабабҳои аслии садамаҳо – вазъи бади роҳҳо ва аз сӯи ронандаҳо риоя нашудани қойидаҳои ҳаракати роҳ арзёбӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG