Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф бо маризии қалб бистарӣ шуд


Парвиз Мушарраф, президенти пешини Покистон, бар асари маризии қалб дар бемористон бистарӣ шуд. Бар пояи хабарҳо, ӯ дар ҳоле дар сандуқи сина дарди ҷонкоҳро эҳсос кард, ки ба додгоҳи вижа барои ширкат дар баррасии парвандааш мерафт. Аз рӯи ин парванда Мушарраф дар хиёнат ба давлат айбдор мешавад.

Дар арафаи баррасии парванда дар додгоҳи вижа дар Исломобод чораҳои амниятӣ тақвият ёфтанд. Садҳо кормандони полис дар ду тарафи роҳ аз манзили Мушарраф то додгоҳро, ки ду километр тул дорад, мустақар шудаанд. Аз ин пеш мурофиаи додгоҳӣ бо далелҳои амниятӣ мавқуф гузошта шуда буд.

Генерал Парвиз Мушарраф дар он айбдор мешавад, ки ҳангоми бенизомиҳо дар Покистон дар моҳи ноябри соли 2007 иҷрои Қонуни асосиро муттафақиф кард ва дар сартосари кишвар вазъи изтирорӣ ҷорӣ намуд. Бар пояи иттиҳоми дигар, ӯ дар қатли нахуствазири пешин Беназир Бҳутто даст дорад. Аммо Парвиз Мушарраф ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, ки онҳо ангезаи сиёсӣ доранд.
XS
SM
MD
LG