Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза шаҳри Бастакро харобазор кард


Заминларзаи нерӯяш 5,5 дараҷаи Рихтер дар ҷануби Эрон мунҷар ба ҳалокати як кас ва захмӣ шудани 12 нафари дигар гардид. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя ба телевизионии давлатии Эрон иттилоъ додааст.

Бар пояи хабарҳо, аз ҳама бештар шаҳри Бастак осеб дидааст – дар он ҷо биноҳое зиёде хароб шуданд ва корҳои наҷотбахшӣ идома доранд.

Охирҳои соли 2003 бар асари заминларзаи мудҳиш дар шаҳри бостонии Бам, воқеъ дар ҷанубу шарқи Эрон, 26 ҳазор нафар ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG