Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи Тоҷиев ба додгоҳ рафт


Умедҷон Тоҷиев

Умедҷон Тоҷиев

Додситонии вилояти Суғд таҳқиқи парвандаи Умедҷон Тоҷиев, узви ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро анҷом дода, рӯзи 2 январ барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Исфара фиристодааст. Юсуф Дониёров, вакили мудофеъи Умедҷон Тоҷиев, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд қарор дорад, рӯзи 2 январ ба Озодӣ гуфт, Умедҷон Тоҷиев бо моддаи 187, қисми 2(ташкили иттиҳоди ҷиноӣ), моддаи 307(ҳамкорӣ бо созмони экстремистӣ) ва бо моддаи 307, қисми 2 (узвият дар гуруҳи экстремистӣ) айбдор мешавад. «Манзур аз ҳамкорӣ бо гурӯҳи эктремистӣ созмони Ансоруллоҳ мебошад, ки гӯё ба назари мақомоти интизомии Исфара Умедҷон бо ин созмон ҳамкорӣ доштааст. Ин асосе надорад,» - зикр кард ҷаноби Дониёров.
Умедҷон Тоҷиев, сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони умури дохилаи Исфара рӯзи 30 октябри соли 2913 дар бозори деҳаи Ворух боздошт ва ҳамон рӯз бо ҳукми додгоҳи шаҳри Исфара бо ҷурми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Вале баъди 2 рӯз эълон шуд, ки Умедҷон Тоҷиев ва ду сокини дигари Исфара ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнӯъ айбдор мешаванд. Пайвандони Тоҷиев ва намояндагони ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ мегӯянд, ки ӯ дар соли 2009 низ бо чунин иттиҳомоте дастгир шуда, баъди раҳоияш аз амали маъмурони милиса ба додситонӣ шикоят бурда буд. Ба бовари онҳо, ғолибан ҳоло мақомоти интизомӣ аз Тоҷиев қасди 24 соли пешро меҷӯянд.
XS
SM
MD
LG