Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли қариб 3 миллиард $ аз Русия


Танҳо дар 9 моҳи соли 2013 шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ватан ҳудуди 2,7 миллиард доллар пул интиқол додаанд. Бонки марказии Русия хабар додааст, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ барои интиқоли пул аз Русия ба кишвари худ баъд аз Узбакистон дар ҷои дувум қарор дорад. Шаҳрвандони Узбакистон дар як соли гузашта 4,9 миллиард доллар ба кишвари худ пул интиқол додаанд. Миқдори зиёди пулҳои аз Русия ба Тоҷикистон интиқолёфта, гуфта мешавд аз муҳоҷирати корӣ аст, ки ҳудуди 1,5 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар муҳоҷиранд.
XS
SM
MD
LG