Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми АФК-2014: Доварони бозии “Равшан” – “Ал Ярмук” аз Малайзия


Доварони бозии “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ал Ярмук”-и Яман дар плей-оффи Ҷоми АФК-2014 маълум шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин бозӣ гурӯҳи доварон аз Малайзия бо раҳбарии ҳаками 27-сола Моҳд Амирул Изван Бин Ёқуб, ки аз соли 2012 довари ФИФА мебошад, хидмат мерасонад. Моҳд Сабрӣ Бин Мат Довуди 44-сола ва Азман Бин Исмоили 39-сола доварони марзи майдон мебошанд. Довари эҳтиётӣ Суҳайзӣ Бин Шукрии 34-сола таъин шудааст. Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон комиссари ин бозӣ ва Масъуд Иноят аз Эрон нозири доваронанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфтани дастаи «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, рақибонаш бошгоҳҳои «Сувайк» ё «Саҳам»-и Умон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон мешаванд. Дарвоқеъ, “Сафо” порсол бо тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Ҷоми АФК дар гурӯҳи “С” бозӣ мекард.


Сабқати гурӯҳии Ҷоми АFC-2014 рӯзи 25-уми феврал шурӯъ мешавад ва то ин давра марҳилаи интихобӣ барпо мегардад. Дастаи «Равшан» дар плей-офф 2-юми феврал дар майдони худ бо қаҳрамони Яман - «Ал Ярмук» рақобат мекунад. Дар бозии дигари интихобӣ “Ал Дҳария»-и Фаластин дар майдони худ бо қаҳрамони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш вориди рақобат мешавад.

Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014:

Минтақаи «Ғарб»
Гурӯҳи «А»: «Сувайк» ё «Саҳам» (Умон), «Зат Рас» (Урдун), «Сафо» (Лубнон), ғолиби бозии плей-офф «Равшан» (Тоҷикистон) – «Ал Ярмук» (Яман).
Гурӯҳи «В»: КВ «Кувайт» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт), «Фанҷа» (Умон), «Ал-Ҷайш» (Сурия), «Неҷмеҳ» (Лубнон).
Гурӯҳи «С»: «Ал-Ҳидд» ё «Манама» (Баҳрайн), «Ал-Қадсия» ё «Ал-Наср» (Кувайт), «Ал-Шорта» ё «Эйр Форс» (Ироқ), «Ал-Ваҳда» (Сурия).
Гурӯҳи «D»: «Шабоб Ал-Урдун» ё «Ал-Ваҳдат» (Урдун), «Риффа» (Баҳрайн), ғолиби бозии плей-офф «Ал Дҳария»(Фаластин) – «Олой» (Қирғизистон), «Эрбил» (Ироқ).

Минтақаи «Шарқ»
Гурӯҳи «Е»: «Персипура Ҷаяпура» (Индонезия), «Хоум Юнайтед» (Сингапур), «Ню Радиант» (Молдив), «Черчил Бразерс» (Ҳиндустон).
Гурӯҳи «F»: «ТТ Хайно» ё «СХБ Дананг» (Вйетнам), «Арема Индонезия» (Индонезия), «Селангор» (Малайзия), «Мазия СР» (Молдив).
Гурӯҳи «G»: «Янгон Юнайтед» (Мянмар), «Виссаи Нинбин» (Вйетнам),«Саут Чайна» (Ҳонконг), «Келантан» (Малайзия).
Гурӯҳи «H»: «Тампинес Роверс» ё «Балестиер Халса» (Сингапур), «Най Пий Тав» (Мянмар), «Пуне» ё «Ист Бенгал» (Ҳиндустон), «Китчӣ» (Ҳонконг).

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»:

Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук» (Яман)
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун)
Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук» (Яман) - «Сафо»(Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук » (Яман) - «Зат Рас» (Урдун)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук» (Яман)
«Сафо» (Лубнон) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук» (Яман) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук » (Яман)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)
XS
SM
MD
LG