Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости вакили дифои Тоҷиев рад шуд


Додгоҳи Хуҷанд ба дархости вакилони мудофеъи Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд дар боздошт ба сар мебарад, ҷавоби рад додаст. Вакили дифои Умедҷон Тоҷиев барои дар беморхона бистарӣ кардани зерҳимояи худ аз додгоҳи Хуҷанд дархост карда буд, вале бо рад карди ин дархост додгоҳ дар ташхиси тиббӣ тавсия додааст, ки метавонад дар СИЗО бимонад. Юсуф Дониёров, вакили мудофеъи Умед Тоҷиев рӯзи 30-юми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи шаҳри Хуҷанд пас анҷоми ташхиси тиббӣ хулосаи худро содир кард ва зарурати дар беморхона ба табобат фаро гирифтани зерҳимояашро рад кард. Ба нақли вакили мудофеъ барои табобати пойҳои шикастаи зерҳимояаш тақрибан як моҳ қабл ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва ҳам ба додгоҳи вилояти Суғд дархостнома ирсол дошта зарурати табобати зерҳимояаш дар беморхонаро хоҳиш карда будааст. Аммо пизишкони СИЗО-и Хуҷанд Умедҷон Тоҷиевро ташхиси тиббӣ намуда, ҷавоб гардонданд, ки метавонад бидуни бистарӣ дар беморхона таҳти назари пизишкони СИЗО табобат шавад. Аммо вакили дифоъ аз хулосаи тиббӣ розӣ нест ва мегӯяд боздоштгоҳ шароити хуби табобатӣ нгадорад.

Умедҷон Тоҷиев, сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони ШКД Исфар расо ду моҳ қабл 30-юми октябри соли равон дар бозори деҳаи Ворух боздошт карда, ба шаҳри Исфара оварданд ва ҳамон рӯз бо иттиҳоми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд. Вале баъдан вайро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мамнуъ айбдор карданд.
XS
SM
MD
LG