Пайвандҳои дастрасӣ

Насби камераҳо дар атрофи биноҳои мақомоти қудратӣ


Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки дар атрофи биноҳои мақомоти қудратӣ ва чанде аз биноҳои муҳим дурбинҳои назоратӣ насб карда шудаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 30-юми декабр хабар дод, ки бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳифзи иншооту биноҳои муҳими давлатӣ дар гирду атрофи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Додситонии кул, Додгоҳи олӣ дурбинҳои мушоҳидавӣ насб карда шудааст, ки "имкон медиҳад, вазъият дар ин минтақаҳо таҳти назорат гирифта шуда, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ таъмин гардад."

Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин хабар медиҳад, ки дар Маркази савдои "Гулистон" ва бинои Сирк низ камераҳои насб карда шудаанд ва дар доираи барномаи «Шаҳри бехатар» атрофи биноҳои муҳимми дигар ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дурбинҳо гузошта хоҳад шуд.

Тибқи хабари ин манбаъ аз натиҷаи фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти «Шаҳри бехатар» бармеояд, ки дар пойтахти кишвар дар як муддати кӯтоҳ ба миқдори зиёд қонунвайронкуниҳо дар роҳҳои нақлиётгард, боғҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, нисбати нафароне, ки даст ба ҳуқуқвайронкунӣ задаанд, чораҳои таъҷилӣ андешида шуданд.

Вазорати корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ки ҳадаф аз насби дурбинҳо ҷилавгирӣ намудан аз ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб ва рафтори ҷинояткорона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG