Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Волгоград Ғозиев Раҳмоналӣ ҷароҳат бардоштааст


Дар таркиши Волгоград шахрванд Ғозиев Рахмоналӣ, соли таваллудаш 25 марти соли 1971 чароҳат бардошта, ҳоло дар бемористони ёрии таъҷилии рақами 25-и шаҳри Волгоград қарор дорад.

Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод-намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба ин хабар, бо вуҷуди ин ки Ғозиев Рахмон Алӣ аз ҳолати мадҳушӣ берун омадааст, аммо вазъаш вазнин арзёбӣ мешавад. Дар рӯйхате, ки мақомоти Русия нашр кардаанд, ному насаби Раҳмон иштибоҳан Гордеев Рахмун Али - 1971 омадааст.

Оқои Эгамзод мегӯяд, Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Русия чараёни ин ҳодисаи хунин ва вазъи ҳамдиёри худро шахсан таҳти назорат гирифтааст. Хадамоти консулгарии сафорат бо мақомоти дахлдор ва бемористон дар тамоси доимӣ хоҳанд буд.

Дар сӯҳбат бо оқои Эгамзод мудири шӯъбаи ҷарроҳии бемористон Пономарев Эдуард Алексеевич вазъи саломатии Ғозиевро хеле вазнин арзёбӣ кардааст. Ба гуфтаи вай, ҷавони тоҷик бештар дар косахонаи сар, дасту пойҳояш чароҳат бардоштааст. Чароҳати сари бемор нигаронкунанда аст.
XS
SM
MD
LG