Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии сафорати Тоҷикистон аз таркиши Волгоград


Вокзали Волгоград
Вокзали Волгоград
Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳодисаи таркиш дар шаҳри Волгоград изҳори нигаронӣ ва ин амали ваҳшиёнаро маҳкум кардааст. Сафорат дар хабари матбуотии худ мегӯяд, баробари рух додани ин ҳодиса сафорат бо ситоди ҳодиса, пулиси Волгоград ва дигар сохторҳои марбутаи Русия тамос барқарор кардааст, то дақиқ шавад, ки дар ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон зарар дидаанд ё хайр.

Раиси чамъияти точикони Волгоград Саидахмад Махмадов дар сӯҳбат бо масъулини Сафорат гуфтааст, ки ин таркиш баъди чанд дақиқаи убури қатораи Душанбе-Москва рух додааст. Бар асоси маълумоти пешаки, як тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар вокзал қарор доштааст, чароҳати ҷисмонии сабук бардоштааст.
XS
SM
MD
LG