Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ бо Нетаняҳу ва Аббос мулоқот мекунад


Ҷон Керрӣ ва Бенямин Нетаняҳу (акс аз бойгонӣ)
Ҷон Керрӣ ва Бенямин Нетаняҳу (акс аз бойгонӣ)
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ба нақша гирифтааст, ки бори дигар аз Ховари Миёна боздид ва ба Исроилу Фаластин фишор орад, то онҳо ба сулҳи байни ҷонибҳо муваффақ шаванд. Вазорати корҳои хориҷа мегӯяд, Ҷон Керрӣ ба нақша гирифтааст, ки 1 январ ба Исроил ва қаламравҳои Фаластин сафар кунад.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар вай бо Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил ва бо Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин мулоқот анҷом диҳад. Дар давоми моҳҳои ахир Ҷон Керрӣ чанд бор аз минтақа боздид кардааст, то ба ҷонибҳо фишор орад, ки дар мӯҳлати ниҳоӣ, яъне то моҳи апрел онҳо тавофуқоти худро ба қарордоди муқаддамотӣ эълон кунанд.

Аммо то ҳол дар ин самт пешрафти қобили мулоҳиза ба даст наомадааст. Бино ба гузоришҳо, барномаҳои Исроил дар бораи сохтмони 1400 хона дар маҳаллоти яҳудинишини қаламравҳои иғолии Фаластин ба пешрафти сулҳи ҷонибҳо монеа эҷод кардааст.
XS
SM
MD
LG