Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби таҳқиқи ҳамла ба Черновол


Созмони байналмиллалии Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз ҳукумати Украина даъват кард, ки ба ҳодисаи ҳамла ба Татяна Черновол-рузноманигори украинаӣ ҷиддӣ, ошкору шаффоф ва ба таври мустақил расидагӣ анҷом бигирад. Вай ҳоло дар бемористон аз зарбҳо ва захмҳои сар муолиҷа мегирад.

Ин созмони байналмиллалӣ ёдовар шудааст, ки гурӯҳи ҳамлаварон аз пеши мошини "Порше Кайен"-и Татяна баромадаанд, шишаи мошинашро шикастаанд. Бо вуҷуди он ки вай талоши гурехтан кардааст, вайро дарёб кардаанд ва ба сараш чанд зарба задаанд.

Бино ба хабарҳо, дар остонаи ин ҳамла Татяна дар рӯзномаи "Украинская правда" дар бораи сохтмони боҳашамати бӯстонсарои Виталий Захарченко-вазири дохилаи Украина мақолае чоп карда буд. Вай ҳамчунин дар бораи тарзи зиндагии Виктор Янукович-раиси ҷумҳур мақола навиштааст.
XS
SM
MD
LG