Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯии кашфи Амрико дар бораи вазъи Афғонистон


Рӯзномаи "The Washington Post" дар як таҳқиқоти ҳукумати Амрико ҳушдор дода шудааст, ки дастовардҳои Амрико ва ҳампаймонҳояш дар давоми се соли охир дар Афғонистон зоҳиран то соли 2017 осеб мебинад.

Ин рӯзнома мегӯяд, бо ашхоси расмие мусоҳиба анҷом додааст, ки ин гузориши ҳирфаии Арзёбии Кашфи Миллиро мутолиа кардаанд. Ба Арзёбии Кашфи Миллӣ 16 ожонси кашфи Амрико дохил мешаванд. Бино ба ин гузориш, таҳқиқоти мазкур пешгӯӣ мекунад, ки Толибон беш аз пеш нуфуз пайдо мекунанд, зеро ҷалби Амрико ба ҷанг тадриҷан коҳиш меёбад.

Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки зоҳиран Афғонистон “зуд ба беназмиҳо табдил меёбад” агар Вашингтон ва ҳукумати Афғонистон мувофиқатномаи нави амниятиро имзо накунанд. Ин мувофиқатнома ба нируҳои Амрико иҷоза медиҳад, ки баъд аз соли 2014 низ шуморе аз нируҳои хориҷӣ дар Афғонистон бимонанд ва ба амалиёти зиддитеррористӣ идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG