Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
СММ мегӯяд, “ба назар намерасад”, ки ҳукумати Сурия то мӯҳлати таъйиншуда, яъне 31 декабр аслиҳаи кимёии бештар хатарноки худро аз қаламрави кишвараш берун бибарад. Дар эъломияе, ки ин созмон ба нашр расондааст, гуфта мешавад, ки дар маҳви аслиҳаи зарогини Сурия пешрафт ба даст омадааст.

Аммо ниҳоди манъи аслиҳаи кимёии СММ аз ҳукумати Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия хост, ки мӯҳлати таъйинкардаи маҳофили байналмиллалиро дар мавриди берун бурдани аслиҳаи кимёӣ иҷро кунад.

Ҳукумати Сурия розӣ шудааст, ки то моҳи июни соли оянда бар асоси созмшномаи миёни Русияву Амрико аслиҳаи кимёии худро аз истифода хориҷ кунад. Иҷрои ин созмшномаро нозирони байналмиллалӣ назорат мекунанд.
XS
SM
MD
LG