Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии пулис ва тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ дар Ал-Азҳар


Рӯзи шанбе дар бархӯрди нерӯҳои пулис ва ҳаводорони "Ихвонулмуслимин" дар донишгоҳи Ал-Азҳар, як донишҷӯи 19-сола кушта ва беш аз сад нафар дастгир шудаанд.

Дар ҷараёни ин даргириҳо ҳадди ақал чаҳор нафари дигар низ захмӣ шудааст. Холид Ал-Ҳадод қурбонии хушунатҳои дирӯзи Миср шуд ва ба гуфтаи фаъолон, вай аз тарафдори "Ихвонулмуслимин" будааст. Бино ба ин гузоришҳо, нерӯҳои амниятӣ бо тирандозӣ ва истифода аз гази ашковар донишҷӯёнро аз маҳали донишгоҳ берун карда ва беш аз сад нафар аз онҳоро дастгир карданд.

Ба иддаои мақомоти ҳукумати Миср, донишҷӯёни тарафдори "Ихвонулмуслимин" намегузоштанд то дигар донишҷӯён барои ширкат дар имтиҳон вориди донишгоҳ шаванд. Мақомот ҳамчунон эълон кардаанд, ки муътаризон бахшҳое аз сохтмони донишгоҳи Ал-Азҳарро оташ задаанд.

Ҳаракати "Ихвонулмуслимин" бо пахши як эъломия ончиро саркӯби бераҳмонаи донишҷӯёни мӯътариз хонд, маҳкум кадааст. Дар эъломия фиристодани нерӯҳои амниятӣ ба дохили донишгоҳи Ал-Азҳар талоши ҳукумати низомиён барои хомӯш сохтани садои мухолифон тавсиф шудааст.

Нооромиҳои Миср пас аз он, ки ҳукумати низомиён дар ин кишвар бо саркӯбии пайравони "Ихвонулмуслимин", онҳоро гурӯҳи террористӣ хонд, дигарбора авҷ гирифтааст. Рӯзи сешанбе ҳукумати муваққати Миср "Ихвонулмуслимин"-ро гурӯҳи террористӣ эълон кард.

Аз замони барканории президенти аз ҷониби мардум интихобшудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ дар 30-ми моҳи июни то имрӯз, донишгоҳҳои ин кишвар саҳнаи эътирозҳои донишҷӯӣ будааст.

Нерӯҳои амниятии Миср таъкид кардаанд, ки аз оғози соли таълимӣ дар моҳи сентябр то кунун дар ҳаводиси хушунатомез 9 донишҷӯ дар Донишгоҳи Ал-Азҳар кушта шудаанд. Ал-Азҳар аз донишгоҳҳои мӯътабари Миср ва ҷаҳони ислом аст, ки дар он ҳазорҳо донишҷӯ таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG