Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир баргузории маҳфилҳои солинавиро мамнуъ кард


Нуриддин Саидов
Нуриддин Саидов
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба ҳамаи мактабҳои миёна, миёнаи техникӣ ва донишгоҳҳо дастуре фиристод, ки дар он додани ҳадяҳои солинавӣ ба якдигар ва ба устодон ва ҳамчунин баргузории маҳфилҳои солинавӣ мамнуъ эълон шудааст.

Ин дастурро вазир Нуриддин Саидов имзо кардааст. Дар ин бора матбуот хабар додааст.

Дар вазорат таъкид кардаанд, ки сабаби судури чунин дастур сарфаҷӯӣ аз харҷи изофӣ будааст. Дар ин дастур ҳамчунин гуфта мешавад, ки “истифода аз сохтаҳои пиротехникӣ, хариди тӯҳфаҳо, махориҷи ғайриҳадафмандона ва баргузории маҳфилҳои солинавӣ комилан мамнуъ аст”.
XS
SM
MD
LG