Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбарони лату кӯби рӯзноманигорро маҳкум карданд


Таня Черновол

Таня Черновол

Яке аз додгоҳҳои ноҳиявии шаҳри Киев 4 шахси гумонбар ба лату кӯби Татяна Черновол-рӯзноманигори Украинаро ба 2 моҳи ҳабс маҳкум кард. Александр Храмцов, Александр Котенко, Сергей Котенко ва Андрей Насиковский то 23 феврал дар боздошт қарор хоҳанд дошт.

Рӯзи ҷумъа шахси панҷуми дастдошта дар лату кӯби рӯзноманигор боздошт шуд, вале номи вайро эълон накардаанд.

Ҳамла ба Татяна Черновол шаби чаҳоршанбе сурат гирифт. Вай дар шоҳроҳи Борисовский бо мошини худ мерафт. Афроди номаълум сари роҳ баромаданд ва мошинашро нигоҳ доштанд. Сипас вайро аз мошин берун кашиданд ва бераҳмона лату кӯб карданд. Вай бо зарбҳои зиёд ба сараш ба бемористон интиқол дода шуд.
XS
SM
MD
LG