Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабукиҳо дар маҳдудияти мизони таваллуд дар Чин


Ҳукумати Чин иҷоза додааст, ки маҳдудияти таваллуд дар кишвар то андозае сабуктар шавад. Бино ба сиёсати наве, ки рӯзи шанбе ба тасвиб расид, агар дар оила зан ё шавҳаре, ки дар хонаводаашон фарзанди ягона будаанд, метавонанд фарзанди дуввумро низ ба дунё оранд. То ҳол танҳо оилаҳое метавонистанд фарзанди дуввумро ба дунё оранд, ки ҳам зан ва ҳам шавҳар дар хонаводаашон фарзанди ягона будаанд.

Чунин қатънома рӯзи шанбе дар Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони мардумии Чин ба тасвиб расид. Онро бояд худи Маҷлиси намояндагони мардумӣ низ ба тасвиб расонад.

Дар солҳои 1980-уми қарни гузашта дар Чин қонуне қабул карданд, ки бар асоси он як оила бояд як фарзанд ба дунё орад. Вале баъдтар хатаре пеш омад, ки мумкин аст ин кишвар дар оянда ба мушкили маҳдудияти таваллуд ва афзоиши сафи солмандон дучор шавад. Ин раванд метавонист мушкили иқтисодӣ низ ба бор орад. Ҳоло аҳолии Чин 1 миллиарду 350 миллион нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG