Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон ба минтақаи озоди тиҷоратӣ даромад


Бино ба хабарҳои матбуоти Русия Узбакистон ба узвияти гурӯҳи кишварҳои минтақаи озоди тиҷоратии кишварҳои муштарулманофеъ даромадааст. Ислом Каримов-раиси ҷумҳури ин кишвар қонун дар бораи тасвиби протоколро имзо кард.

Ҳоло ба минтақаи озоди тиҷоратӣ Арманистону Беларусия, Қазоқистону Қирғизистон, Молдова ва Русияву Украина медароянд. Тоҷикистон протоколро имзо кардааст, вале ҳанӯз онро ба тасвиб нарасондааст.

Ин протоколро 31 май дар ҷаласаи Минск нахуствазирон имзо карда буданд. Ҳадафи ин протокол фароҳам овардани шароит барои интиқоли озоди молу коло ва ҳамгароӣ ба низоми иқтисоди ҷаҳонӣ ва тиҷорати ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG