Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pussy Riot: "Моро барои имиҷи Русия раҳо кардаанд"


Аъзои ахиран аз маҳбас раҳошудаи гурӯҳи Pussy Riot Надежда Толоконникова ва Мария Алехина изҳор карданд, ки вазифаи асосии онҳо кор дар тарҳи “Минтақаи ҳуқуқ” хоҳад буд.

Дар нишасти хабарӣ дар идораи шабакаи телевизионии “Дожд", Толоконникова гуфт, ки онҳо ба тафтиши шикваҳои маҳбусон аз шароити зисту кор ва истифода аз зӯроварию таҳдид машғул хоҳанд шуд. Тарҳи онҳо аз ҳисоби мардум сармоягузорӣ хоҳад шуд, Толоконникова ва Алехина ба касе барои кӯмаки молиявӣ муроҷиат карданӣ нестанд. Аммо онҳо гуфтанд, ки барои ҳамкорӣ бо фаъоли мухолифин Алексей Навалний ва раҳбари собиқи ширкати нафтии ЮКОСМихаил Ходорковский омодаанд.

Аъзои гурӯҳи Pussy Riot гуфтанд, ки ҳадафи аслии раҳоии онҳо – талоши Кремл барои беҳтар кардани имиҷи Русия дар арафаи Бозиҳои олимпии зимистона дар Сочӣ аст ва ҳадс заданд, ки баъдан шояд боз мавриди таъқибу фишор қарор бигиранд.

Cе узви гурӯҳи Pussy Riot – Надежда Толоконникова, Мария Алехина ва Екатерина Самутсевич моҳи августи соли 2012 барои ҳунарнамоӣ дар калисо ва бо иттиҳоми барангехтани адовати мазҳабӣ барои ду солӣ маҳкум ба зиндон шуда буданд. Екатерина Самутсевич аз сӯи додгоҳ сафед шуда буд.
XS
SM
MD
LG