Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се низомии НАТО дар ҳамлае дар Кобул


Ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, мунҷар ба ҳалокати се низомии НАТО шуд. Дар бораи ҳуввияти қурбониён иттилоъ дода нашудааст.

Ба иттилои полиси Кобул, дар ин ҳодиса шаш сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Рӯзи ҷумъа дар қисмати шарқии пойтахт, як марталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори корвони мошинҳои низомии НАТО мунфиҷир кардааст.

Масъулияти ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG