Пайвандҳои дастрасӣ

Рамазон Раҳимов гуфтааст бо рӯзноманигорон мулоқот мекунад


Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ гуфтааст дар рӯзҳои наздик бо рӯзноманигорон дар бораи ҳодисаҳои охир сӯҳбат хоҳад кард.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 27-уми декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазири корҳои дохилӣ гуфтааст, рӯзноманигоронро эҳтиром мекунад ва омода аст бо онҳо сӯҳбат кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Садриддинов, вазир бо сабаби ҷамъбасти сол ва омодагӣ ба соли нав ин вохӯриро то чанд рӯзе ба таъхир мегузорад. Гуфта мешавад ин тасмими Рамазон Раҳимов, баъд аз номаи дастаҷамъонаи расонаҳои ахбори омма барои раҳоии Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории "Озодагон" гирифта шудааст.

Абдураҳим Шукуров рӯзи 25-уми декабр ҳангоми ба навор бардоштани ҷонибдорон ва наздикони Зайд Саидов, дар назди Боздоштгоҳи муваққатӣ аз тарафи кормандони пулис боздошт шуда буд. Танҳо бо дархости хабарнигорон, ки бо мактуби дастаҷамъона ба вазири корҳои дохилӣ барои раҳоии Шукуров муроҷиат карда буданд вайро баъд аз як рӯзи боздошт бо пардохти ҷарима озод карданд.
XS
SM
MD
LG