Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби Сурх: Дар таркиши Бейрут панҷ нафар ҷон бохтаанд


Бар асари таркиши мошин дар Бейрут, пойтахти Лубнон, дасти кам 5 нафар, аз ҷумла, собиқ вазири молияи кишвар Муҳаммад Шаттаҳ, ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора созмони Салиби Сурхи Лубнон хабар дод, Дар ин ҳодиса, ба иттилои ин созмон, дасти кам 15 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бомб дар роҳи ҳаракати корвони мошинҳои Шаттаҳ дар ҳоле инфиҷор шуд, ки вазири собиқ барои мулоқот бо намояндагони мухолифини Сурия мерафт. Муҳаммад Шаттаҳ суннимазҳаб аст ва замоне ба ҳайси мушовири нахуствазири собиқ Саъд Ҳарирӣ, мунаққиди раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, фаъолият кардааст.

Муқовимат миёни сунниҳову шиаҳо дар Лубнон баъд аз он густариш ёфт, ки гурӯҳи шиаи “Ҳизбуллоҳ” мусаллаҳони худро барои ҷанг аз тарафи ҳукумати Башор Асад фиристод. Башор Асад пайрави алавӣ, як шохаи мазҳаби шиа аст.

Моҳи ноябр бар асари ду таркиш дар канори бинои сафорати Эрон дасти кам 23 нафар ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG