Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиш дар Бейрут собиқ вазири молияи Лубнон ҷон бохт


Дар Бейрут, пойтахти Лубнон, рӯзи ҷумъа, таркиши мудҳиш рӯй дод. Шоҳидон мегӯянд, ки садои таркиш дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр ба гӯш расид, дар наздикиҳои меҳмонсарои “Финикия”, воқеъ дар маркази шаҳр, дуди сиёҳ ба осмон печидааст.

Теъдоди қурбониён ва маҷрӯҳон то ҳол дақиқ нест, аммо хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар ин таркиш собиқ вазири молияи Лубнон Муҳаммад Шаттаҳ ҷон бохтааст.

Айни ҳол мошинҳои зиёди “Ёрии таъҷилӣ” ба ҷойи ҳодиса расида, маҷрӯҳонро ба бемористон интиқол медиҳанд.
XS
SM
MD
LG