Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Дуния Миятович аз ҳабси Абдураҳим Шукуров


Абдураҳим Шукуров

Абдураҳим Шукуров

Намояндаи Созмони амният ва ҳамкооӣ дар Аврупо ( САҲА) дар умури озодии матбуот Дуния Миятович аз ҳабси Абдураҳми Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, изҳори нигаронӣ кард.

Абдураҳим Шукуров рӯзи 25 декабр , ҳангоми талоши инъикоси мурофиаи додгоҳии пурсару садои Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон боздошт шуд. Қабл аз боздошт хабарнигор мавриди лату кӯби кормандони милиса қарор гирифт.

“Шукуров дар ҳоле боздошт ва ҳабс шуд, ки, ба гуфтаи хонум Миятович, ҳамчун хабарнигор ифои вазифа кардани ӯ возеҳу рӯшан буд. Масъули озодии матбуот дар САҲА ҳадс задааст, ки ин боздошт шояд талоше барои тарсонидани дигар хабарнигорон ва даст бардоштани онҳо аз инъикоси мурофиаи додгоҳӣ буд.

Дар изҳороти хонум Миятович бо ишора ба иттилои расмӣ гуфта шудааст, ки Абдураҳим Шукуров ҳафт рӯз дар боздоштгоҳ боқӣ хоҳад монд, дар ҳоле, ки барои ҳама гуна боздошти беш аз се шабонарӯз қарори додгоҳ зарур аст.

Дуния Миятович аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои ҷилавгирӣ аз боздошти хабарнигорон чора андешанд ва ба онҳо иҷоза диҳанд, ки вазифаи касбии худро иҷро намоянд.

Ёдовар мешавем, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баъд аз эътирози сардабирони нашрияҳои чопи Душанбе Абдураҳим Шукуровро бо бастани ҷарима дар ҳаҷми 320 сомонӣ, аз боздоштгоҳ раҳо кард.
XS
SM
MD
LG