Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим кӯмак кард


Президенти Тоҷикистон ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ ба 700 ятиму бепарастори мактаб-интернати рақами якуми шаҳри Душанбе кӯмак кардааст. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон рӯзи 27-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар нимаи аввали имрӯз президенти кишвар бо кӯдакони ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар интернаи рақаами аввали Душанбе мулоқот кард ва ба онҳо либосҳои идона тақдим намуд. Ба гуфтаи манбаъ, дар арафаи Соли нави мелодӣ президент ба 558 нафар хонандаи ҳамин интернат ва дар маҷмӯъ беш аз 700 ятиму бепарастор ва кӯдакони хонаводаҳои бепарастор тӯҳфаҳо тақдим кард. Ҷаноби Шарифзода афзуд, ки ба сурати умум 1265 нафар тарбиятгирандагони мактаб интернатҳои Душанбе кӯмак карда мешавад. Чанд рӯз қабл ба хонандагони мактаб-интернатҳои Шаҳринав, Ҳисор ва Варзоб аз тарафи президент кӯмаки соли навӣ расонида шудааст.
XS
SM
MD
LG