Пайвандҳои дастрасӣ

Гулнора Каримова дар феҳристи номоварони ҷинояти ҷаҳонӣ


Тарҳи байналмиллалии Нашри масъалаҳои марбут ба ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ Гулнора Каримова-духтари Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистонро ба феҳристи “одамони номдори соли 2013” дохил кардааст.

Ин созмон аз 19 маркази тиҷоративу ғайритиҷоратӣ иборат аст ва ҳар сол феҳристи шахсиятҳои машҳуреро, ки дар ҷиноятҳои созмонёфта, ришвахорӣ ва таҳкими робитаҳои ҷиноӣ саҳми фаъол доранд, ба нашр мерасонад.

Гулнора дар ин феҳрист бо Дарко Сарич-раҳбари гурӯҳи қочоқбарони серб ва Черногория ва соири афроди машҳури олами ҷиноӣ дар як радиф қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG