Пайвандҳои дастрасӣ

Чин ба Ҷопон эътирози шадиди худро фиристод


Ванг Йӣ бо Ҷон Керрӣ (акс аз бойгонӣ)

Ванг Йӣ бо Ҷон Керрӣ (акс аз бойгонӣ)

Чин сафири Ҷопон дар Пекинро ба вазорати корҳои хориҷа даъват ва ба Ҷопон “номаи эътирози шадид”-и худро супурд. Шинзо Абе-нахуствазири Ҷопон рӯзи панҷшанбе аз ёдгории моҷаробарангези даврони ҷанг дар Токио боздид кард ва ҳамсоягони худ Чину Кореяи Ҷанубиро нороҳат намуд. Ин ёдгории давраи ҷанг оромгоҳи Йасукунӣ аст, ки дар он ҷо қурбониёни ҷанг, аз ҷумла баъзе аз раҳбарони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дафн шудаанд. Ин раҳбарон барои ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам шуда буданд.

Хабаргузории Синхуаи Чин навиштааст, Ванг Йӣ-вазирти корҳои хориҷаи ин кишвар дар номаи худ ин ёдгориро “намунае аз таърихи таҷовузи низомии Ҷопон” арзёбӣ кардааст.

Як мақоми расмии вазорати корҳои хориҷаи Чин ин боздидро “барои мардуми Чин комилан ғайри қобили қабул” хонд. Сухангӯи ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ изҳор дошт, ки “Сеул наметавонад таассуф ва ғазаби худро пинҳон дорад”.

Аз соли 2006 ба ин сӯ Шинзо Абе аввалин нахуствазири сари кор аст, ки аз ин ёдгории давраи ҷанг боздид кард. Йунихиро Койзумӣ-нахуствазири пешин аз соли 2001 то 2006 ҳар сол аз ин ёдгорӣ боздид мекард ва он боиси ташдиди муносибот бо Чин мешуд.
XS
SM
MD
LG