Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот мегӯянд, Қонуни танзими интернет "сирри махфӣ" надорад


Маркази миллии қонунгузорӣ дар посух ба нома НАНСМИТ аз таъхир дар ворид кардани тағйиру иловаҳо ба тарҳи қонун оид ба фаъолият интернетӣ, гуфтааст, ки ҳамакнун он мавриди баррасӣ қарор дорад.

Маркази миллии Қонунгузорӣ ба номаи шикоятии Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ оид ба «Тарҳи тағйиру иловаҳои ба қонунгузории Тоҷикистон оид ба фаъолияти интернет дар Тоҷикистон» посух дода ва гуфтааст, ки он феълан дар баррасии вазоратхонаҳо қарор дошта ва бо дарёфти шакли комили он, қабл аз пешниҳод ба парлумон, дар матбуот мавриди баррасӣ қарор хоҳад ёфт.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, муовини раиси НАНСМИТ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи душанбеи ҳавфтаи масъулони Маркази миллии қонунгузорӣ ба номаи онҳо дар хусуси пинҳонӣ ва бидуни дар ҷараён гузоштани васоити ахбор баррасӣ кардани тарҳи лоиҳаи танзими интернет дар қонунугузорӣ, посух доданд: «Маро рӯзи душанбе даъват карданд ва номаашонро таслим карданд. Дар он гуфта мешавад, ки тарҳи қонуни мазкур феълан дар дасти вазоратхонаҳо буда, пас аз дарёфти хулосаи онҳо, ба баррасии васоити ахбор гузошта мешавад.»

НАНСМИТ дар номаи худ ба унвони Маркази миллии қоунунгузорӣ зикр карда буд, ки як сол аз баррасии тарҳи қонуни танзими фаъолияти интернетӣ дар Маркази миллӣ мегузарад, вале намояндагони васоити ахбори умум аз ҷараёни баррасии он ҳеҷ иттилоъ надоранд.

Дар ҳамин ҳол Умруллоҳ Меликов, намояндаи Маркази миллии қонунгузорӣ дар робита ба иддаои НАНМСИТ гуфт, ки баррасии тарҳи мазкур тибқи қонунгузорӣ марҳилаҳаи хосе дорад, ки то замони такмили пурраи он, намешавад расонаӣ кард: «Дар инҷо ягон сирри махфӣ нест ва бо ҳамаҷониба омода шудани тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, бо намояндагони васоити ахбор мизи мудаввар баргузор хоҳад шуд.»

Қаблан Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани миллии корбарони интернет дар Тоҷикистон низ дар робита ба тарҳи мазкур гуфт, ки дар он «роҳи қонунии муайян намудани маводи ғайриқонунӣ, масалан, чӣ тавр тавассути ин қонун маводе ё сайтеро метавон баст ё боз намуд», зикр шудааст.

Маркази миллии қонунгузории назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо иқдоми ҳукумати кишвар барои тартиб додани тарҳи қонун дар бораи танзими интернет ё худ лоиҳа дар бораи танзими интернет дар қонунгузориҳои кишвар, як комиссия таъсис дода шудааст.

Масъалаи зарурати ворид кардани танзими интернет дар қонунгузориҳои Тоҷикистон дар ҳоле пеш омад, ки солҳои гузашта аз тарафи Хадамоти алоқа бо сар задани амалиёт дар минтақаи Рашт ва ба дунболи он ҳаводиси Хоруғ, чандин сайтҳои дохиливу хориҷӣ баста шуданд. Акнун қонунгузорӣ мушаххас хоҳад кард, ки дар чӣ шароит ва дар кадом вазъ сайти интернетӣ ва ё мақолаи сайти интернетӣ баста шавад ва ё боз карда шавад.

Ба ин тартиб созмонҳои журналистии Тоҷикистон тақозо доранд, ки Маркази миллии қонунгузорӣ матни тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунгузориҳо оид ба танзими интернетиро ошкор кунад ва дар саҳифаи матубот ба нашр расонад.
XS
SM
MD
LG